Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷӣ дар чанд рӯзи оянда вазъи обу ҳаво дар минтақаҳои Тоҷикистон сербориш мебошад. То 17-уми апрел вазъияти ҳаво дар кишвар сербориш дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон муроҷиат кард, ки то чанд рӯзи оянда ҳолат вахим буда, хавфи зери об мондани хонаҳо ва бандшавии роҳҳо зиёд аст.
Аз хадамоти матбуоти КҲФ ба вебгоҳи faraj.tj хабар доданд, ки дар чанд шабонарӯзи гузашта аз сабаби боришоти аз ҳад зиёд дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб ва рӯдхонаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об ба назар расидааст.
Инчунин, тибқи иттилои ин манбаъ, 13-уми апрел, дар натиҷаи боридани боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хонақоҳ баланд гардидааст, ки ин ҳолат хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматии сокинон ва заминҳои кишти мардуми деҳаи Афғонободи ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро зиёд кардааст.
Ба хотири ёрӣ ба мардум ва пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани офатҳои табиӣ аз ҷониби КҲФ ба минтақаҳои хатарнок гуруҳҳои корӣ сафарбар гардидаанд.