Раиси ноҳияи Кӯшониён маоши якмоҳаашро барои пешгирии бемории сирояти каронавирус ҷудо карда, ҳамчунин ба 52 нафар табиби ноҳия ёрӣ расонд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мазкур ба «Фараж» хабар доданд, ки бо мақсади дастгирӣ аз ташаббуси президент, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромидин маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсуси фонди маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 гузаронд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 52 нафар табиб, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони хурди тиббии шуъбаи пешгирии бемориҳои сироятии Бемористони марказии ноҳия ёрии яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, бо дастгирии раиси ноҳия ва соҳибкорони ноҳия ба оилаҳои ниёзманд низ ёрии яквақта расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки чанд пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ музди меҳнати якмоҳаи худ ва кормандони дастгоҳи раиси вилоят як қисми ҳақмуздашонро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои

пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, гузарониданд.

Дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри пешгирӣ аз бемории короновирус 5,3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here