Аз 31-уми октябр то 3-юми ноябри соли 2019 ҳайати Парлумони Аврупо иборат аз 3 вакил дар Тоҷикистон хоњанд буд. Ҳадафи асосии сафари мазкур ин иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии ИА ва Тоҷикистон мебошад.
Ҳайати Парлумони Аврупоро ҷаноби Фулвио Мартушиелло, Раиси Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Кумитаҳои ҳамкории парлумонӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ва барои робита бо Туркманистон ва Муғулистон, роҳбарӣ хоҳад кард.
Дар доираи ин сафар ҳайати Парлумони Аврупо бо мансабдорони баландпояи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад. Тибқи барномаи ин сафар вохӯриҳо бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ҳайати Парлумони Аврупо инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳанд кард.