Рӯзи 16-уми марти соли равон дар маркази маъмурии ноҳияи Вахш сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Рустам Зоҳидов ба тахтапушти истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Вахш Оламбӣ Солиева бо корди ошхона ду маротиба зарба задааст. Дар натиҷа, Солиева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти қудратӣ, Зоҳидов Рустам Ҳошимович, санаи таваллудаш 10 апрели соли 1997, таҳсилоташ миёнаи махсус, тақрибан соати 16:00 -и рӯзи 16-уми марти соли 2020 дар назди бозорчаи марказии ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия фурӯшанда Солиева Оламбӣ Шарифовна, соли таваллудаш 1971-ро бо қасди қатл кардан бо корд ба тахтапушташ задааст. Гумонбар дар зери фишори атрофиён ҷинояти худро ба охир расонида натавонистааст.

Нисбат ба Р. Зоҳидов дар асоси моддаҳои 32, қисми 3 ва 104, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта шуда, тафтишот давом дорад.

Дар ҳамин ҳол, Абдулқодир Наимов, мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, гуфт, табибон сари вақт ҷароҳатҳои ҷабрдидаро дӯхта, муолиҷааш кардаанд. Айни замон вазъаш хуб арзёбӣ шуда, мустақилона роҳ меравад ва таом мехӯрад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here