Президенти кунунии ИМА Доналд Трамп, ки имрӯз охир рӯзи қудраташ  аст, нутқи видоъ кард. Трамп гуфт, ифтихор дорад, ягон ҷанги наве дар дунё сар накард ва махсус қайд кард, ки иттиҳод ИМА-ро бо дигар кишварҳо барқарор кард ва бо Чин «ба таври бесобиқа» рӯ ба рӯ шуд.

Трамп гуфт, ки тавонист нерӯи Иёлоти Муттаҳида дар дохил ва хориҷи кишварро барқарор кунад ва ҳоло метарсад, ки эътимод ба бузургии давлат аз даст наравад. «Мо ба муваффақияти маъмурияти нав барои амнияту бехатарии Амрико дуо мекунем», — гуфт ӯ.

Раҳбари 45-уми Амрико инчунин қайд кард, ки дар ИМА зӯроварии сиёсӣ, ба монанди ҳамла ба Капитолия дар Вашингтон ҳеч тавҷеҳе наметавонад дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳаракати сиёсие, ки ӯ пеш гирифтааст, «акнун оғоз меёбад».

Маросими савгандёдкунии президенти нав Ҷо Байден имрӯз, 20 январ, дар назар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here