Дар ИМА авҷи ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус анҷом ёфт. Доналд Трамп имрӯз дар суҳбат бо журналистон дар ин хусус паём дод.
Президент гуфтааст, ки бархе иёлатҳо то 1-уми май аз қарантин баромада метавонанд. Ӯ илова кардааст, ки Қасри Сафед рӯзи панҷшанбе тавсияномаи бекор кардани маҳдудиятҳоро, ки ба коронавирус рабт доштанд, эълон хоҳад кард.
Аз рӯйи омори охирини СҶТ, дар ҷаҳон 1,84 миллион ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 117 ҳазор нафар фавтидаанд.
Тавре ОИР “Новости” хабар медиҳад, ИМА аз рӯйи шумораи сироятёфтагон ва теъдоди фавт пешсафтарин боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти донишгоҳи Ҷонс Хопкинс шумораи фавт дар ИМА 27 ҳазор нафар буда, феълан ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус 614 482 адад ҳисобида шудааст.