Ин китоб бо ибтикори гурӯҳи адибон, олимон ва адабиётшиносон таълифу таҳия шудааст. Дар маросими муаррифии китоби “Хамсаи дӯстӣ” гуфта шуд, ки дар он роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти панҷ алломаи панҷ миллати маскуни Осиёи Марказӣ, зарбулмасалҳои ин халқҳо гирдоварӣ ва пешниҳод шудаанд. Ҳамчунин  таъкид гардид, ки ин китоб мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстии халқҳои Осиёи Марказиро низ дар худ таҷассум мекунад.

— Осиёи Марказӣ дар саросари олам бо олимону фозилон, шаҳрҳои таърихӣ, азизону авлиё, ки ифтихори олами ислом ва тамаддуни исломӣ мебошанд, шуҳрат дорад. Адибону донишмандони бузург  ва мероси бебаҳои онҳо барои муттаҳидии тамоми халқҳои минтақаамон хидмати босазо хоҳад кард, — гуфт яке аз муаллифони китоби “Хамсаи дӯстӣ” олим ва сиёсатмадори шинохта Оқил Умурзоқович Салимов.

Вай афзуд, ки халқҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳои дароз паҳлӯ ба паҳлӯ кору зиндагӣ мекунанд, алломаҳояшон ба якдигар омӯзонидаву аз якдигар омӯхта, мероси ғановатмандеро барои мардуми ин минтақа ва ҷаҳониён мерос гузоштаанд. Ба гуфтаи ӯ дар ин китоб маҳз ҳаёт ва фаъолияти панҷ аллома — Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абай (Иброҳим) Қунанбоев, Чингиз Айтматов ва Махтумқулӣ, ҳамчунин зарбулмасалҳои зиёде аз хазинаи панҷ мардум гирд оварда шудаанд.

Журналист ва адабиётшуноси маъруфи ӯзбек Аҳмадҷон Мелибоев гуфт, ки ба пешвози рӯзҳои адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Театри миллии  кишвараш дар саҳнаи худ намоишномаи “Рӯдакӣ”-ро намоиш хоҳад дод.

— Мо медонем, ки дар ҷаҳон Амрико, Фаронса, Ҷопон, Чин ва амсоли он аз кишварҳои абарқудрату пешрафта маҳсуб меёбанд, аммо ин кишварҳо низ наметавонанд дар танҳоӣ рушд кунанду пеш раванд. Барои ҳамин ваҳдат сарчашмаи ҳамаи пешравиҳост ва ба ҳам иттиҳод бастани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бартараф шудани ҳолатҳои ногувор ва мустаҳкамшавии дӯстии халқҳо хеле мусоидат хоҳад кард, — гуфт Аҳмадҷон Мелибоев.

Ба гуфтаи депутати парлумон ва узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршед Дӯстмуҳаммад халқҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша бо ҳам дӯст буданд. Вай афзуд, агар ин дӯстӣ боз мустаҳкамтар гардад, як мушти пурқувват ҳосил мешавад, он гоҳ муваффақиятҳои панҷ кишвар низ беш аз пеш афзоиш меёбанд.

— Чопи чунин китоб рамзи дӯстии халқҳои Ӯзбекистони ҷадид аст. Бояд ҳамаи мо дар мустаҳкам шудани ин дӯстӣ заҳмат кашем ва саҳмгузорӣ кунем, — гуфт Хуршед Дӯстмуҳаммад.

— Имрӯз миллати ӯзбек, тоҷик, қирғиз, қазоқ ва туркманро шохаҳои як дарахти бузурги маънавӣ меҳисобанд ва ин нукта дар китоби мазкур низ қайд гардидааст. Умри ин чинори азим бешак, безавол аст. Гузашта аз ин, дар миқёси дунёи имрӯза дигаргуниҳои бошиддат  рух медиҳанд ва дар назди аҳли қаламу фарҳанг вазифаҳои ҷиддӣ меистанд, ки ҳамеша ҳамоиши маънавӣ ва ваҳдату ҳамгироиро талқин намоянд. Ҳамин китобе, ки таҳти унвони “Хамсаи дӯстӣ” ба тозагӣ интишор ёфтааст, меваи босамари Ӯзбекистони нав аст, ки он таҳти роҳнамоии Президент Шавкат Мирзиёев пеш меравад, — гуфт адабиётшиноси самарқандӣ Аминабону Шарофиддинова.

— Бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дарвозаҳои кишвари мо ба рӯи ҳама боз гардиданд. Хосатан, аввалин иқдоми ин ҷаноби мӯҳтарам низ ҳамин буд, ки Ӯзбекистон барои ҳамосяҳои худ ва ҳамсояҳои он барои Ӯзбекистон  бояд кишвари  дастнорас набошанд ва дӯстии халқҳову адабиётҳо дубора барқарор гарданд, —  тавзеҳ дод ба “Фараж” раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаъфар Холмӯъминов.

Дар ҷараёни маросими муаррифии китоби “Хамсаи дӯстӣ” якчанд намоишномаҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки аз ҷониби ҳунармандони театрҳои касбиву маҳфилҳои худфаъол ба забонҳои гуногун садо доданд. Ҳамзамон дар як гӯшаи толори барҳаво намоиши китобҳои бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ низ баргузор шуд, ки ин китобҳо ба қалами адибони гузаштаву муосири панҷ мардуми Осиёи Марказӣ марбут буданд.

Ногуфта намонад, ки китоби дастаҷамъонаи “Хамсаи дӯстӣ”-ро нашриёти “Тасвир”-и шаҳри Тошканд бо гарнитураи хос мунташир намудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here