Дар шаҳри Тошканд Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон” ба кор шурӯъ кард. Раёсати ин ҷамъиятро Шавкат Ҳамроев бар дӯш дорад. Ба гуфтаи ӯ ҷамъомади таъсисӣ 1 ноябри соли 2019 баргузор шуд. Дар он аъзои гурӯҳи ташаббускор ва меҳмонҳо иштирок карданд.
Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон»-ро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4 сентябри соли 2019 сабти ном намуд. Тибқи низом ҷамъият фаъолияташро пиёда хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ин созмони ғайридавлатӣ ҳисобсурати бонкӣ ва мӯҳри худро дорад.
— Яке аз вазифаҳои асосӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,-мегӯяд Шавкат Ҳамроев.
Ба таъкиди ӯ гузашта аз ин, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маҳфилҳои адабӣ, ташкили намоиши асарҳои рассомон, мулоқотҳо бо шоирону нависандагон, ҳунармандон ва амсоли он дар таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқати байни ду кишвари ҳамҷавор хеле нақши муассир хоҳад бозид.
— Корҳои дигаре, ки бояд анҷом пазиранд, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор роҳандозии ҳамкории соҳибкорони ду мамлакат, кӯмак барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ мебошанд. Тарғиби иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар соири шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон низ аз вазифаҳои мо ба шумор мерава,-иброз намуд раиси Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон” Шавкат Ҳамроев.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд