Роҳбарияти КВД “Тоҷиксуғурта” ба кормандонаш ҳақ медиҳад, ки дар ба дари хонаҳои сокинон гашта, барои бастани шартномаи суғурта онҳоро ҷалб созанд. Аммо ин ниҳод аз сокинон хоҳиш мекунад, ки аз нафари ба дари хонаашон омада, бейҷик ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи корманди “Тоҷиксуғурта“-ро талаб кунанд.
Сардори КВД “Тоҷиксуғурта” Мақсудзода Шуҳрат 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ аз фаъолияти ниҳодаш дар соли 2019 ба хабарнигорон ҳисобот дод.
Мақсудзода гуфт, дар соли гузашта “Тоҷиксуғурта” бо ашхоси воқеию ҳуқуқӣ 758 ҳазору 861 адад шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонидааст, ки аз он 61 ҳазору 432 адад ё 8,1 дарсад суғуртаи ҳатмӣ ва 697 ҳазору 429 ё 91,9 фоизаш шакли суғуртаи ихтиёрӣ будааст.
Номбурда, ҳамчунин, иброз дошт, ки айни замон “Тоҷиксуғурта“ аз рӯи 22 намуд, аз он ҷумла, 13 намуди ҳатмӣ ва 9 намуди ихтиёрии суғурта фаъолият дорад.
Мақсудзода гуфт, дар соли сипаришуда аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба ҳисоби корхона беш аз 32,6 миллион сомонӣ ҳақи суғуртавӣ ворид кардаанд, ки нақшаи воридотро ба 101,5 % расонидаанд.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки КВД “Тоҷиксуғурта” дорои 65 филиал ва 4 намояндагӣ дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру навоҳии кишвар аст. Дар ҳоли ҳозир шумораи умумии кормандон дар ин ниҳод 715 нафарро ташкил додааст, ки 383 нафар корманди воҳидӣ ва 332 нафар корманди шартномавӣ будаанд.