Директори КВД “Тоҷиксуғурта” Шуҳрат Мақсудзода мегӯяд, бо ҳама ширкатҳои суғуртавӣ дар Тоҷикистон рақобати солим доранд ва дар шароите, ки бозори суғуртаи кишвар дорад, натанҳо рақобат, балки бояд ҳамдастӣ кард.

Номбурда имрӯз 22-юми июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш махсус аз ягон ширкати суғуртавӣ ном набурд, ки дар рақобат бо он қарор дошта бошанд.
— Ягон ширкатро нодида гирифтан мумкин нест. Мо ягон ширкатро хафа кардан намехоҳем, ҳамаи онҳоро рақиби солими худ медонем. Ҳарчанд имрӯз ҳама ширкатҳо дар сатҳи баланд фаъолият намекунанд, бовар дорам, оянда чунин имкониятро пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамаро як хел дидан даркор аст,-гуфт Мақсудзода.

Гуфта шуд, феълан дар Тоҷикистон 20 ширкати суғуртавӣ фаъолият мекунад, ки ба суғуртаи молу амвол, ҳаёт ва нақлиёти шаҳрвандон сару кор доранд.
Ин ширкатҳо дар ду шакл — ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

Добавить комментарий