Дирӯз дар шаҳри Душанбе форуми «Фановариҳои оянда» баргузор гардид, ки дар кори  он коршиносони ҳирфаӣ ва роҳбарони ширкатҳои таҳиякунандаи технологияҳои ҷадиди Тоҷикистон ширкат доштанд. 

Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев низ дар нишаст иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ дар мавриди бахши тавсеаи технологияи худӣ дар Тсеll-  зарфият ва имконоти насли панҷум 5G иброз дошт.

Мудири аршади Тсеll дар бораи рушди эволютсионии шабака ва потенсиале, ки мавриди истифода қарор гирифтани 5G барои тамоми Тоҷикистон фароҳам меорад, сӯҳбат кард.

Ҷорӣ намудани технологияи 5G ба Tcell имконият медиҳад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон заминаи нави технологӣ эҷод намояд. Ин чаҳорчӯб бо бахшҳои ҷадиди рушди хизматрасониҳои ояндаи Tcell пур карда мешаванд ва инчунин дар тавсеаи ҳамкорӣ бо дигар таҳиягарони хидматрасонии кишвар, аз қабили хадамоти электронии давлатӣ, шаҳрҳои ҳушманд (интеллектуалӣ) ва соҳибкорони инноватсионӣ, ки метавонанд аз имкониятҳои нави ин технология бархурдор шаванд, кӯмак хоҳад кард «,-  гуфт Озодхон Давлатшоев.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ширкати телекоммуникатсионӣ Tcell аввалин шуда иҷозатномаи 5G-ро барои густариш ва тиҷорати технологияи шабакаи насли панҷум дарёфт кард. 5G насли баъдии иртиботи мобилӣ мебошад, ки барои таъмин намудани пайвасти боэътимод ва интиқоли фаврии маълумот бо суръати якчанд Гигабит дар як сония дар смартфонҳо, планшетҳо ва дигар дастгоҳҳо мутобиқ карда шудааст ва сифати хидматҳои Интернети мобилиро боло мебарад. 5G барои корбарони оддӣ пайвастшавӣ ба шабакаи наверо дар бар мегирад, ки дар қиёс ба технологияи мавҷудаи LTE афзалиятноктар аст.

Коршиносон ва масъулини дигар ширкатҳо дар форуми “Фанновариҳои оянда” аз роҳҳалҳои иноватсионие гуфтанд, ки Тоҷикистонро ба пешрафти ҷаҳонӣ наздиктар карда, кишварро бештар муаррифӣ менамоянд. Ҳамоиш аз сӯи  Frontier Technology Futures ва UKAid созмон ёфта буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here