Tcell чанд пойгоҳашро дар минтақаҳои Суғду Хатлон таҷдиду навсозӣ кард. Танҳо дар як ҳафтаи охир 6 истгоҳи базавӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, Фархор, инчунин дар Кӯлобу Бохтар ва Панҷакент то ба стандарти 3G такмил шуданд ва ин имкон медиҳад, ки доираи фарогирӣ ва пӯшиши 3G бузургтар шуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои онлайн таъмин карда шавад.

Тайи чанд рӯзи ахир, ки ин пойгоҳҳо таҷдиду такмил шуда, фаъолияти густурдаро ба роҳ монданд, ба онҳо бештар аз ҳазор муштарӣ пайваст гардида, ба гунаи фаъол аз имкониятҳои Интернет бархӯрдор шуданд. Ба туфайли дастрасии роҳату мӯътадил ба Интернет аҳолии минтақаҳои дорои пойгоҳҳои мудерну муосир, тамоми имкониятҳои шабакаро барои тамос, омӯзиш ва иртибот бо ҷаҳони глобалӣ истифода мебаранд. Бо мақсади ҳамеша дар тамосу муошират қарор доштан бо шахсони наздик, Tcell опсияҳои «Паёмрасонҳои бемаҳдуд” ва “Шабакаҳои иҷтимоии номаҳдуд”-ро пешниҳод менамояд.  Муфассал: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php

Ширкати мухобиротии Tcell, ки таъмини аҳолии Тоҷикистон бо технологияҳои навро аз авлавиятҳои фаъолияти худ дар минтақа медонад, сармоягузориро барои рушди бахши инфрасохтори шабакавӣ идома медиҳад. Лоиҳаи азнавсозии миқёсан васеъи шабака, ки аз ҷониби ширкат амалӣ карда мешавад, такмил додани зерсохтори мавҷуда барои хизматрасонии хидматрасонии технологӣ ба аҳолии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Тарҳи таҷдид ва тавсеаи бузурггмиқёси шабака, ки аз сӯи ширкат пиёда  мешавад, такмил додани зерсохтори мавҷуда барои беҳтарсозии вазъи хизматрасонии технологӣ дар Тоҷикистон мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here