Ширкати Tcell дар заминаи «Академияи тиҷорат» («Бизнес Академия») мунтазам барои оператороне, ки дар марказҳои хизматрасонӣ ва марказҳои тамос кор мекунанд, таҷрибаомӯзӣ, тамриноту ҳамоишҳои таълимӣ доир месозад. Тайи як моҳи гузашта мутахассисони ширкат барои операторон аз Душанбе, Бохтар ва вилояти Суғду ВМКБ давраҳои бозомӯзиро баргузор карданд. Ҳадаф аз ин омӯзишҳо- баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои операторон дар бораи қонунгузориҳои марбут ба пайвастшавӣ ва фурӯши SIM-кортҳо мебошад. Ояндаи наздик чунин барномаҳои омӯзишӣ барои операторони дигар манотиқи кишвар низ роҳандозӣ мегардад.

Дар ҷараёни тренингҳо операторон бо илова ва тағйиротҳои қабулшуда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва маъмурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2016 № 207-7 ва аз 9 феврали соли 2019 № 64 «Дар бораи тартиб ва талабот барои пайвастшавӣ ба шабакаи телекоммуникатсионӣ ва хидматҳои марбута” шинос шуданд.

Ҳадафи аслии ин омӯзишҳо таъмин намудани хидматрасонии мувофиқ ба муштариён, бидуни нақзи муқаррарот ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳама операторҳое, ки дар марокиз ва дафтарҳои хидматрасонии Tcell фаъолият доранд, барои беҳтару босифаттар рафъ кардани мушкилоти муштариён дар ҳама масоили марбути иртиботӣ- техникӣ, машваратӣ ва ҳуқуқӣ давраҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзиро пушти сар хоҳанд кард.

Дар ин рӯзҳо барои ҳама гуна ширкатҳо рӯ овардан ба муштарӣ, бароварда кардани хостаҳои ӯ аз авлавияти фаъолияту тиҷорат маҳсуб гардида, кафолати рушд дар бозор аст.   Тибқи стратегияи рушди Tcell, ниёзҳои ҳар як муштарӣ дар назди ширкат аз ҷумлаи авлавият мебошанд. Ҳоло дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар марказҳои хидматрасонии Tcell фаъолият дошта, ба муштариён хидматрасониро дар сатҳи баланду босифат пешниҳод менамоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here