Дар сомонаи расмии ширкати Tcell утоқи инфиродӣ фаъолият дорад. Дар утоқи инфиродӣ, шумо мустақилона хароҷоти худро назорат карда, тафсилот (детализатсия)-ро фармоиш дода, хизматрасониҳоро дар реҷаи воқеъӣ, бе тамос ба маркази хизматрасонӣ, идора карда метавонед.

Утоқи инфиродӣ дастрасӣ ба маълумоти шахсии муштариёнро таъмин мекунад: тарофаи ҷорӣ, хидматрасониҳои пайвастшуда, вазъи тавозун ва тафсилот. Дар ин ҷо ҳама чиро шумо бо ҷузҳояш дида ва назорат карда метавонед, тавозун бештар дар кадом бахш сарф мешавад, кадом хизматрасониро бояд қатъ кард ва аз кадоме истифода бояд бурд.

Истифодаи утоқи инфиродӣ мисли ҳамаи трафик дар сомонаи расмии Tcell комилан ройгон аст! Хуш омадед: https://www.tcell.tj/

Шаффофият ва ҳадди аққали боз будан – яке аз усулҳои аслии фаъолияти Tcell маҳсуб меёбад. Бо кӯмаки утоқи инфиродӣ ҳар як муштарӣ назорат ва идораи “ҳаёти мобилӣ”-и худро дарёфт менамояд.

Ба ғайр аз ин, утоқи инфиродӣ истифодаи алоқаи мобилиро барои муштариён чанд маротиба осон карда, вақти онҳоро сарфа менамояд. Дар утоқи инфиродӣ шумо метавонед фавран маълумоти шахсиатонро бидуни берун рафтан аз хона пайдо намоед. Ин замима (барнома) барои муштарӣ метавонад як қатор хидматрасониҳои машваратиро, ба монанди хадамоти иттилоотӣ (7070) ва машваратҳо дар марказҳои хизматрасонӣ иваз намояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here