Аз 23 то 25 апрел Анҷумани XI-уми пизишкони саратоншинос ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё– чорабиние, ки дар он мутахассисони тиб аз 30 мамлакат иштирок доштанд, баргузор шуд. Имсол, бо сабаби хатароти эпидемияи фарогир (пандемия)-и ҷаҳонӣ баргузории Анҷуман ба сурати оддӣ ва ҳузурии коршиносон номумкин гардида, нахустин бор ҳамоиши табибони соҳа ба таври онлайн бо истифода аз фанновариҳои ҷадид тавассути Интернет ҷараён гирифт.
Ширкати Tcell ба коршиносони аршади «Маркази саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ долони иртиботи маҷозӣ (канали алоқа) ҷудо кард, ки тариқи он табибон, ҷарроҳон ва мутахассисони тибби тоҷик бо 3000 ҳамтоёни худ аз Русия ва гӯшаву канори олам мулоқот анҷом доданд.
Таҷрибаи баргузории Анҷумани онлайнии табибон дар кишвари мо бори нахуст ва дар платформаи камназири технологӣ сурат гирифт. Бо дастгирии Tcell, табибони тоҷик бо ҳамкорони худ аз давлатҳои мухталиф иртибот барқарор карда, суханронӣ намуданд ва табодули таҷриба карданд.
Ба пахши онлайнии Анҷуман мутахассисон аз дилхоҳ гӯшаи олам пайваст шуда метавонистанд. Иштирокчиён байни ҳамдигар саволу ҷавоб карда, маслиҳату машваратҳоро дар паёмрасонҳо низ матраҳ намуданд. Дар шароити феълӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо бо имконоти наву ҳаматарафа айни муддаост, зеро ин гуна ҳамоишҳои илмӣ теъдоди зиёди коршиносонро фаро гирифта, зимни он, роҳҳали бархе аз мушкилот ҷустуҷӯ ва пайдо мешавад.
Tcell ҳамчун бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки бо мақсади пешниҳоди ҷадидтарин дастовардҳои фанноварӣ ва иноватсионӣ ба сокинони Тоҷикистон саҳм гузошта, дар таъмини рушди ҷомеъ нақши муассир хоҳад гузошт.