Ширкати Tcell дар озмуни “Бренди сол” дар номинатсияи “Маҳсулот ва хизматрасониҳои технологияҳои муосир (компютерҳо, барномаҳои компютерӣ, хидматҳои коммуникатсионӣ ва телекоммуникатсия) беҳтарин дониста шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ҳузур дошт.
Дар ширкат мегӯянд, «бо шарофати ин эътироф, мо дарк мекунем, ки кушишҳои ҳаррӯзаи мо дар таъмини муштариён бо беҳтарин хидматрасонӣ бо усулҳои технологӣ барҳадар нарафтааст. Бренд рушд мекунад. Ин дастгирии амиқ омиле барои рушди беҳтар хоҳад шуд”.
Ин бори дуюм аст, ки ширкат бо нишони «тилло» сарфароз мегардад. Нахуст чунин мукофотро ширкат соли соли 2013 гирифта буд.
Бренди Tcell дар бозори байналмилалӣ низ борҳо эътироф ва соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Танҳо дар ҳамин сол ширкат бо тарҳи вижаи худ “Коммуникатсияи “ЧӣГап” ба сегонаи беҳтарин лоиҳаҳо дар ду номинатсияи бузургтарин ҷоизаи ҷаҳонии Excellence Awards роҳ ёфт. Он замон лоиҳаи “ЧӣГап” дар қатори 2500 лоиҳаи дигар дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон пешниҳод шуда буд.