«Асли ҳунар — худкуштану эҳёгарист», — гуфтааст устод Гулрухсор. Дар шароити кунунӣ низ сафи ҷавонони ҳунарвар меафзояд, аммо аксар вақт маҳсули корашон паси парда мемонад.  Ин  падида шӯълаи илҳоми онҳоро хомӯш намекунад?

Мусаввири ҷавон Некрӯз Сайфуллозода донишҷӯйи риштаи рассомист. Ӯ пайваста дар вебгоҳ мусаввараҳояшро мегузорад ва аз вокунуши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  медонад, ки шефтагони дасти эъҷозофараш рӯз аз рӯз меафзоянд.

— Дар ҷомеи мудерн таваҷҷӯҳ ба санъати тасвирӣ зиёд аст ва ҳамватанони мо бештар ба жанрҳои портретофарӣ, пейзаж, карикатура ва дигар навъи асарҳо ниёз доранд, — гуфт Некрӯз.

«Хушбинии чашм ба салиқа вобаста аст», — мегӯяд рассоми ҷавон. Ба гуфти вай,  майдатарин ҷузъиёт  метавонад бинандаро ба хулосае орад, ки фалон асар оҳанги сохтакорӣ дорад ва аз он холибоди беҳунарӣ мевазад.

— Барои табиӣ баромадани асар, — қайд кард Некрӯз, — рассом аз заҳмату машаққати тоқатфарсо наҳаросиданаш лозим.

— Барои таҷриба портретҳои аҳли илму адабро офаридам, хосатан Сайф Раҳимзоди Афардиро. Ростӣ, «Ситораҳои сари танӯр», «Падруду пайғом» ном асрҳои нависандаи навоварро хондаам ва  нақша дорам, ки минбаъд мӯҳтавои он хондаҳоро дар рӯйи авроқ тасвир кунам, то мароқи бинандаро ҳам ба хондан бедор намоям, — боҷуръатона қавл дод Некрӯз.

— Расаммони ҷавон минбари расмӣ надоранд, — таассуф хӯрд Некрӯз, — зарур аст, ки барои эҷодкорони ҷавон  журнали вижа созмон ёбад, то маҳсули эҷодашон ба таври бояду шояд муаррифӣ шавад.

Истеъдоди ҷавон мегӯяд, ки сеҳри қалами мусаввирон низ сабаб шуда метавонад, ки гӯшаҳои тамошобоби кишвар то ба чашми сайёҳони хориҷӣ рафта расад, ба кавле  таваҷҷӯҳи хоса ба ҳунари онҳо беманфиат нахоҳад буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here