Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус тасмим гирифтааст, ки таътил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дароз карда шуда, чоряки чоруми мактабиён аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ҷамъбаст карда шавад. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар қарори Ситод омадааст:
- Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад.
- Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад.
- Баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад.
- Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад.
- Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 таътил тамдид карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо қарори Ситод барои ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон гардида буд.