7-уми апрели соли ҷорӣ дар мавзеъҳои истироҳатию фароғатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд иқдоми тарғиби либосҳои миллӣ баргузор гардид.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори faraj.tj мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Замира Мансурова иброз дошт, дар ин иқдом 20 нафар духтар бо либосҳои миллӣ зиёда аз 200 маводи тарғиботиро ба шаҳрвандон тақсим карданд.
— Пӯшидани либоси миллӣ беҳтарин роҳи тарғиб аст, — мегӯянд мутассадиён. Гуфта мешавад, ки ин тарзи тарғиби либоси миллӣ бесобиқа буд ва иқдоми мазкур низ таҷрибаи аввалин дониста мешавад.