Генарал Абдулло Ҳабибов, афсари баландпояи тоҷик ва собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар, шоми 24-уми апрел дар синни 80-солагӣ вафот кард.
Абдулло Ҳабибов афсари варзида ва таълимдидаи қувваҳои низомии давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар замони ҷангӣ таҳмилии солҳои 1991-1997 барои осоиштагии сулҳу суботи Тоҷикистон кӯшиш кардааст.
Баъди ба синни нафақа расидан ҳам, чун коршиноси масоили амниятӣ ва ҳайяти парлумон ифои вазифа намудааст.
Соли 2015-ум бар зидди ӯ бо ҷурми “худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва бунёди сохтмон” бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда буд, ки баъдан қатъ гардид.
Кӯшиши ӯ дар ин давра сари бунёди масҷид дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе буд, ки баъдтар бинои нимсохти ин масҷид ба моликияти давлат баргардонида шуд.