22 ва 23-юми феврали соли ҷорӣ марҳилаи дуюми мусобиқаи  ҷумҳуриявии таэквондо ВТФ дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки варзишгарон барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи сеюм мубориза бурданд.

Мураббии таэквондо ва ҳамзамон роҳбари федератсияи минтақавии таэквондо дар вилояти Суғд Илҳом Бобоев  гуфт, ки дар мусобиқа 26 нафар варзишгар ширкат карданд, ки дар байнашон як духтар низ буд. Дар натиҷа 8 кас ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

– Аз ин ҳисоб боз гулчин мекунем, то Душане рафтан чанд бор имтиҳон мекунем, агар натиҷаи дилхоҳ нишон диҳанд, баъдан онҳоро пешбарӣ мекунем, — гуфт ӯ.

Номбурда мегӯяд, ки  хоҳишмандони таэквондо бисёранд, аммо мураббии касбӣ дар баъзе ноҳияҳо намерасад, пештар пайдо кардани ҷой барои тамрин мушкил буд, марҳила ба марҳила раёсати кор бо ҷавонон  дар мактабҳои варзишӣ тамрнигоҳ муҳайё мекунад, ки ин дастгирӣ низ барои реша давондани таэквондо дар вилоят саҳм мегузорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here