Қобус 18 ноябри соли 1940 дар шаҳри Саламони Умон тавалуд шудааст. Қобус бо дахолати ҳарбии Британия, вақте 29-сола буд, табадулоти хунин карда, роҳбарияти падарашро сарнагун  сохт ва ба тахт нишаст.

Қобус тавонист, ки дар ибтидои ҳукумронияш ҳадди баҳсҳои марзии кишварашро хотима бахшад.

— Вақте ки ӯ ба сари қудрат омад, Умон кишвари камбизоат ва рушднаёфта буд. Мамлакат роҳу мактаб ва беморхона надошт. Султон даромадҳои нафтро барои муосирсозии кишвар истифода бурд, — гуфтааст Шмидер, ки солҳои 2009 – 2012 чун сафири ИМА дар Умон фаъолият кардааст, ба хабаргузории Ал-Арабия.

— Ба ташаббуси Қобус дар ҳар деҳаи кишвар масҷид, беморхона ва мактаб бунёд гардида, об ва нерӯи барқ оварда шуданд, — таъкид кардааст Шмидер.

Ба туфайли ин талошҳо, Умон аз рӯйи индекси рушди инсони СММ дар соли 2010 аз лиҳози инкишоф давлати рушдёфта маҳсуб меёфт. Инчунин Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ соли 2017 ин кишварро ба қатори чор мамлакати амни ҷаҳон шомил кард.

Кобус Умонро ба бозигари фаъоли сиёсати минтақавӣ табдил дод. Таҳти роҳбарии ӯ Умон ба СММ ва Лигаи Араб дохил гардид. Қобус соли 1981 дар ташаккули Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс нақши муҳим бозид.

Вай сухани “душман ба ҳеҷ кас , дӯст барои ҳама”-ро шиор кард. Ба муносибати бетарафонаи Кобус Умонро “Швейсарияи Шарқи Наздик” номидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here