Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи гузашта Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Раҳбарони ду давлат масъалаҳои минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстиву ҳамсоядорӣ ва ҳамкории стратегӣ, ҳамчунин тавсеъа бахшидани дурнамои ҳамкориҳои амалиро таҳти баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ҳарду ба таъмини назорати рушди вазъияти эпидемиологӣ ва қабули чораҳои босамар ҷиҳати мубориза бо пахши дунёгиршавии коронавирус таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд.
Ба ҳукумати ҳар ду кишвар супориш дода шуд, ки ба ҳамоҳангсозӣ ва идомаи ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо ин бемории хатарнок вусъат бахшанд.
Қайд шуда, ки зарурати пиёда намудани ҳар гуна чорабиниҳои ҷилавгирӣ ва ҳалли фаврии ҳамаи масъалаҳое, ки ба далели пандемия дар миён омадаанд, набояд роҳ дод, то ки он ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар таъсири манфӣ ба бор оваранд.
Зимни суҳбат муҳим будани роҳандозии конфронсҳои видеоӣ миёни идораҳои марбутаи ҳарду кишвар ба таври мунтазам тазаккур ёфтааст. Ҳамчунин, ҷиҳати ҳифзи суръати рушди тиҷорати дуҷониба, таъмини алоқаҳои нақлиётӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи саноат, барқ, кишоварзӣ, молия ва бахшҳои дигар аз таҳияи алгоритмҳо истифода кунанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбати телефонии Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи фавқулоддаи обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё матраҳ гардиданд.
Гузашта аз ин, дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлати ҳамҷавор перомуни як қатор масъалаҳои муҳими байналмилалӣ низ табодули назар намуданд.
Дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон гуфтааст, ки суҳбати мазкур дар фазои гарми анъанавӣ, конструктивӣ ва дӯстона гузашт.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд