Дар пайи овозаҳо дар бораи хосияти пешгирӣ доштани сирпиёз (чеснок) ва ҳазориспанд аз коронавирус нархашон дар бозорҳо якбора боло рафтааст.

Рӯзи гузашта дар “Бозори Деҳқон”-и маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе нархи 1 кг сирпиёз 50-55 сомонӣ ва як бандча ҳазориспанд то 5 сомонӣ арзиш дошт. Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта як килограмм сирпиёзро бо 18-20 ва як бандчаи ҳазориспандро бо 1 сомонӣ харидан мумкин буд.

То куҷо ин навъи маҳсулот барои пешгирӣ аз вируси Ковид-19 ё коронавирус ба манфиат аст?

Табиби эпидемиолог Маҳмадалӣ Табаров мегӯяд, дар бораи он ки истифодаи сирпиёзу ҳазориспанд барои маҳв ё пешгирӣ аз коронавирус то куҷо нақш доранд, ягон асоси илмӣ вуҷуд надорад, вале халқи тоҷик ҳазориспандро аз қадим дар ҳолати гирифторӣ ба зуком истифода мебурд ва, ба андешаи мутахассисон, дуди он қобилияти маҳвсозии вирусҳоро дорад.

— Ростӣ, ман дар ин маврид таҷрибаи илмӣ надорам, вале агар мо ҳазориспандро истифода барем, ҳеҷ зарар надорад. Аз он дар давраи олими бузург Абуалӣ ибни Сино васеъ истифода мешудааст,ки то давраи мо омада расидааст. Фикри шахсиии ман ҳам ҳамин аст, ки ҳазориспанд ба дараҷае дар маҳви вирусҳо метавонад нақш дошта бошад. Агар бегоҳиҳо ҳазориспандро каме дар хона дуд кунем, хуб аст, ягон зарар надорад, аммо то ҷое маълум аст, барои маҳви коронавирус то ҳол ҳазориспандро касе истифода набурдааст. Баъзеҳо истифодаи сирпиёзро тавсия медиҳанд, вале боз мегӯям, ки он асоси илмӣ надорад. Албатта, он чизеро, ки асоси илмӣ надорад, мо ба мардум тавсия дода наметавонем, вале бархеҳо сирпиёзро истифода мебаранд, — гуфт табиб М. Табаров.

Тибқи иттилои Википедия ҳазориспанд— гиёҳи хеле машҳури мардуми Машриқзамин аст, ки дар тибби халқӣ аз замонҳои Абӯалӣ ибни Сино ва ҳатто пештар аз он машҳур аст. “Ҳазориспанд ва тухми он барои бемориҳои гуногун давои хубест. Инчунин, гиёҳи хушккардаи онро мардум барои дафъ кардани чашми бад дуд мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади дур кардани ҳама қувваҳои бадӣ дар хони наврӯзӣ сипанд гузошта мешавад».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here