Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст Волкан Бозкирро ба муносибати интихоб гардиданаш ба вазифаи раиси иҷлосияи 75-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфта, доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар пасманзари шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва тавсеа ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус ҳамагирии коронавируси нав, ҳолатҳои ноустувору мураккаб ва ҳассоси сайёра изҳори андеша намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, бемории COVID-19, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ хуруҷ кард, тадриҷан боиси буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонӣ гардид. Ӯ гуфт, бемории сироятии коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонида, боиси паст рафтани нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла фаъолияти сармоягузорӣ, ба шумули сармоягузории мустақими хориҷӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, бахусус, нақлиёт шуд.

— Бо дарназардошти идомаи паҳншавии бемории коронавирус Ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар баробари пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ, барои таъмин намудани фаъолияти босуботи тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар чораҳои зарурӣ андешад, — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон

Дар баробари мавзуи паҳншавии бемории коронавирус ва таъсири он ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шиддатёбӣ ва тавсеаи терроризму ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои муосир низ ёдовар шуда, ин ҳолатро ниҳоят нигаронкунанда арзёбӣ кард ва таъкид бар он дошт, ки рафъи таҳдиди терроризм дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи он ва сабабҳои аслии ба терроризм мусоидаткунанда, ягонагии мавқеи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба мафҳуми терроризм тақозо мекунад.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки вокуниш ба таҳдиди афзоишёбандаи терроризм бояд фарогир бошад ва дар ин самт Созмони Милали Муттаҳид нақши ҳамоҳангсози калидиро иҷро кунад.

— Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ қарор дорад ва дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми босазои худро гузоштааст ва ин равандро идома хоҳад дод, — таъкид кард  Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва мусоидат ба таъмини сулҳу оромии сартосари дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори андеша карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳкими ҳамкорӣ дар ин самтҳо даъват ба амал овард.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро ба лоиҳаи қатъномаи навбатии Тоҷикистон оид ба Конфронси сатҳи баланд ҷиҳати арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор мегирад ҷалб намуда, изҳори боварӣ кард, ки ин иқдоми Тоҷикистон ба мисли қатъномаҳои гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ пайдо мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here