Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 372 адад аризаи даъвоӣ ба маблағи 31 960 214 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо 254 парванда ҳалномаи судӣ қабул гардида, аризаҳои даъвоӣ ба маблағи 18 387 427 сомонӣ қонеъ гардонида шудаанд.  Ин нишондод  субҳи имрӯз дар нишасти матбуотии суди иқтисодии вилояти Суғд зикр шуд.

Таъкид гардид, ки суди иқтисодӣ дар нимсолаи аввали имсол 40 адад парвандаи иқтисодиро аз рӯйи даъвоҳои мақомоти давлатӣ, ки ба манфиати давлат оид ба рӯёндани 20 393 932 сомонӣ зарари аз насупоридани маблағи қувваи барқ, об, пардохтҳои ҳатмии дигар расонида шударо баррасӣ кардааст.

Соҳибмулки бозори «Панҷшанбе» кист? Ба ин суоли хабарнигорон сардори суди иқтисодии вилоят,  Сулаймон Қосимзода посух дод, ки тибқи ҳалномаи Суди олии иқтисодӣ соҳибмулки ин бозор «Тоҷикматлубот» муқаррар хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here