Нашъамандӣ яке аз омилҳои хатарноки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инкишофи бемориҳои ҷиддии узвҳои системаи асаб, дилу рагҳо ва касалиҳои музмин маҳсуб меёбад. Новобаста ба он, ки аз тарафи муассисаҳо ва созмону ташкилотҳо ҷиҳати пешгирии нашъамндӣ тадбирҳову чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд, ин падида ҳамоно дар пайи афзоиш аст.

Сарвари Маркази наркологии вилояти Суғд Бахтиёр Сатторов аз афзудани теъдоди нашъамандон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки дар қайди муассисаҳои наркологии вилояти Суғд аз соли 2019 то инҷониб  906 нафар бемори нашъаманд қарор доранд. Ин нишондод дар қиёс аз соли 2018-ум 106 адад каматар аст.

Ба гуфти ӯ, соли 2019 теъдоди нашъмандони синну солашон аз 18 то 30-сола145 нафар, аз 30 то 59-сола 748 нафар ва аз 60-сола боло 13 нафарро ташкил медиҳад.

— Истеъмолкунандагони ҳероин 740 нафар, нашъамандии тавассути сӯзандору 588 нафар, истеъмолкунандагони гуруҳи бангдонаҳо 85 нафар ва гуруҳи афюнҳо 81 нафарро ташкил медиҳанд, — илова кард ӯ.

Сардухтур мегӯяд, ки онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни беморон ҷоннок кардаанд, натиҷаҳо хубанд, интизор меравад, ки давоми 2020 рақамҳо паст мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here