Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҷашнвораи вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии «Сайри гули лола» баргузор шуд.
— Мақсади ташкили ҷашнвораи вилоятии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун давлати мусоид барои сайёҳон, муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ аст, — омадааст дар паёми дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Раиси вилоят аз ҳунармандон даъват кардааст, ки бо назардошти талаботи бозори дохилию хориҷӣ истеҳсолотро ҷоннок кунанд.
Гуфта мешавад, ки танҳо дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шудаааст. 34 намуд аз оилаи гулҳои ҳоландӣ низ боғро рангоранг сохтаанд. 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона, аз ҷумла петуния, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо ҳусни Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро афзун кардааст.
Дар саҳни амфиатеатри Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ фестивали вилоятии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд. Имрӯз дар вилояти Суғд 311 адад маркази таълимии ҳунармандӣ фаъоланд, ки садҳо нафар занро бо шуғли доимӣ таъмин кардаанд. Зиёда аз 40 нафар ҳунарманд бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.