Мудири Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Дэвид Бизлӣ изҳор кардааст, ки агар инсоният амнияти озуқавориро таъмин накунад, эҳтимол аст, аз сабаби дунёгир шудани коронавирус ба гуруснагии оммавӣ рӯ ба рӯ шавад.  ОИР “Новости” дар  такя ба маълумоти СММ субҳи имрӯз аз ин хусус хабар дод.

Дэвид Бизлӣ як қатор чораҳои эҳтиётиро гуфта, роҳҳои аз ин мушкилӣ халос шуданро пешниҳод кардааст. Ӯ аз кулли иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ хоҳиш кардааст, барои бемамониат расондани ёрии башардӯстона шароит фароҳам оваранд.  Дар навбати худ, барои сохтани марказҳои логистикӣ  ҷудо кардани 350 миллион долларро талаб намудааст, ки тавассути онҳо дастрасии ёрии башарӣ дар тамоми ҷаҳон вусъат пайдо мекунад.

— Огоҳии пешакӣ ҳатмӣ аст ва бо ҳеҷ сабабе ба маҳдудкунии сармоягузорӣ набояд роҳ дод. Пеши роҳи  номураттабии савдову тиҷоратро гирифта, ҳамзамон, ёриро ба аҳолии гуруснамонда дар мадди аввал гузоштан даркор аст, — омодааст дар изҳороти Бизлӣ.

Қаблан ҳам коршиносони Барномаи ҷаҳонии озуқа изҳор дошта буданд, ки наздик ба 130 миллион нафар охири соли 2020 дар натиҷаи коронавирус ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here