Нархи як бушка нафти навъи WTI бори аввал дар тӯли 22 сол ба 11 доллар поён фуромад. Созмони кишварҳои тавлидкунандаи нафт (СКТН-ОПЕК) гузориш додааст, ки нефти навъи Brent 6,2 дарсад коҳиш ёфта, ба 26,4 доллар расидааст.
Пас аз дунёгир шудани коронавирус, талабот ба ашёи мухталиф дар бозори ҷаҳонӣ якбора кам шуд. Дар ҳамин ҳол, арзиши муҳимтарин ашёи хом барои ҷаҳон низ бо сабаби кам шудани талабот яку якбора поён фуромад.
Қаблан, СКТН дар ҷаласаи фавриву ғайринавбатии худ, ки охири моҳи гузашта доир шуда буд, ҳолати фурӯши нафтро баррасӣ карда буд, лекин Русияву Арабистони Саудӣ дар тавлиди нафт, ҳамчун кишварҳои асосии содиркунандаи ин маҳсулот, ба як тавоқуф нарасида буданд.