Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки аз моҳи майи соли 2019 то ҳафтаи гузашта дар тамоми манотиқи кишвар ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид.

Нимаи дуюми рӯзи 16 ноябри соли 2019 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки бо иштироки оҳангсозон, овозхонҳо, шоирон ва ровиён сурат гирифта буд, баргузор гашт.

Дар ибтидо раиси комиссияи ҷумҳуриявии Озмун, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ карда, маросими ҷоизасупориро ҳусни оғоз бахшид.

Дар идома, аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ғолибони ҳамаи чор номинатсия, ки ҷойҳои якум  дуюм ва сеюмро ишғол карда буданд, диплому мукофотҳои пулӣ, дар ҳаҷми ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм  20 ҳазор сомонӣ ва ҷойи якум 30 ҳазор сомонӣ, тақдим гардид. Баъдан, аз тарафи аҳли ҳунари театр ва ғолибони Озмун барномаи ҷолибе пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Маросим, бо супоридани шоҳҷоизаи Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз руйи “Номинатсияи оҳангсози академӣ” ба Зафар Раҳимӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ  анҷом ёфт.

Маҳкамзода Маҳкам

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here