Ширкати Tcell корҳои бузургҳаҷми фанниро барои густариш ва тақвияти шабака дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Дар арафаи Соли нав сарборӣ дар шабака чанд маротиба бештар мешавад ва  маҳз дар ин замон дар иртиботи доимӣ будан бо наздикону пайвандон аз ҳама муҳимтар аст.

Дар марҳилаи навбатии таҷдиду навсозӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон (дар Вахш, ноҳияҳои Румӣ ва Бохтар) дар 21 пойгоҳи базавӣ корҳои фаннӣ (техникӣ) ба анҷом расонида шуд.    Дар Душанбе 4 истгоҳи нави 3G ва 4G насб гардида, то поёни сол якчанд пойгоҳҳои ҷадид дар маркази кишвару вилояти Хатлон  охири сол боз якчанд истгоҳҳои нави базавӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлон ба кор медароянд.

Навсозӣ ва таҳкими шабака такмили фанниро дар назар дорад, ки пойгоҳҳои базавӣ бо ҳадафи афзоиш додани тавонмандӣ ва фарогирии шабака анҷом дода мешаванд. Яъне, пас аз таҷдиду навсозӣ теъдоди бештари муштариён ба шабака пайваст шуда, сифати Интернет ва ироаи он бамаротиб беҳтар мегардад.

Эҳсосоти Соли навро бо ҳам тақсим намоед, бо хонавода ва дӯстон дар тамос бошед, ба ҳамдигар хурсандӣ ва кайфияти идона диҳед- бо алоқа аз Тсеll! Тӯҳфаи солинавии «Бастаи солона 2020» аз Tcell- беҳтарин ҳадяи солинавӣ аст, ки бо ин баста як соли комил ба тарзи ройгон дар дохили шабака гуфтугӯ менамоед ва мегабайтҳои Интернет роҳат истифода мебаред!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here