Тибқи ҳисоботи фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон сели рӯзи 21-марти соли равон ба деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон беш аз 1,3 миллион сомонӣ зарар расонд.

Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати мазкур Вафо Ашуров дар сӯҳбат гуфт, сели рӯзи 21-марти соли 2020 дар Хуросон боиси фавти як сокини ҳамин деҳа гардида, 212 манзили зист, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасони мардум, роҳҳои мошингард хароб гашта, ду хона қисман вайрон шудааст.

Тибқи ҳисоби фаврии комисияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Хуросон офати табиӣ дар деҳаи номбурда 1 миллиону 338 ҳазору 277 сомонӣ зарари молӣ расонидааст. Айни замон корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here