Дар шаҳри Тошканд ҷамъомади навбатии сарони ҳукуматҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай идома дорад. Чунин ҷамъомад ҳар сол як маротиба баргузор мегардад. Ҷамъомади Тошканд дар пайи нишасти Бишкек ба вуқӯъ мепайвандад, ки сарони кишварҳои узви ин созмон ширкат доштанд ва 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. 

Дар ин нишасти Тошканд сарвазирони Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон  ва 10 кишвари нозиру ҳамкор низ ширкат доранд. Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон аз кишварҳои нозир маҳсуб меёбанд.

Дар ин соатҳо масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор доранд, ки ба рӯзномаи кории ин ҷамъомад шомил мебошанд. Қабл аз оғози ҷамъомад нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ боҳам акс гирифтанд. Баъд пушти дарҳои баста ва дар шакли маҳдуд гуфтушунидҳо оғоз ёфтанд. Дар ин ҷамъомад даҳ санади ҳамкорӣ мадди назар ва бештар ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ нигаронида шудаанд.

Нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов гуфт, ки дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо кишварҳои узви СҲШ бояд пеш аз ҳама лоиҳаҳеро таҳти иҷро қарор диҳанд, ки ба таҳдидҳои беруна марбутанд. Ҷаноби Арипов ҳамчунин аз он пуштибонӣ намуд, ки кишвари Хитой таҷрибаи истифодаи дипломатияи халқиро дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо ҷорӣ намудааст.

Нахуствазири Ӯзбекистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки форуми солонаи иқтисодии СҲШ баргузор гардад.

Дар пайи Абдулло Арипов нахуствазирони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Хитой, Покистон ва вазири дифои Ҳиндустон ба сухан баромада, нақши ин созмонро дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аксуламал ба таҳдидҳои беруна хеле муҳим арзёбӣ карданд.

Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд идома дорад.

Мирасрор Аҳроров,

Хабарнигори “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here