Маликаи Бритониё Элизаветаи II пасаз дунёгир шудани (пандемия) коронавирус ба сокинони кишвараш муроҷиат карда гуфт, ки “ин пандемия вақти ранҷу азоб барои кишвар аст, аз ин рӯ сокинонро мебояд, то озмоишҳоро хуб қабул кунанд”.

Маликаи 93-сола изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда онҳо метавонанд аз рафъи ин мушкилот ифтихор кунанд.

— Рӯзҳои хуб бармегарданд ва мардум метавонанд дубора дӯстону хешовандони худро бубинанд, — гуфт малика.

Элизаветаи II муҳимияти интизомро дар муҳити кунунӣ таъкид намуда, ба бритониёиҳо барои риояи тавсияҳои Ҳукумат барои дар хона мондан ташаккур гуфт. Малика қайд кард, ки ҳамаи кишварҳо кӯшишҳои худро барои мубориза бо пандемия муттаҳид мекунанд.

— Мо бо истифода аз дастоваардҳои бузурги илм ва баҳри табобат кӯшишҳои худро бо мардуми ҷаҳон муттаҳид месозем. Мо, албатта, мувафақ хоҳем шуд ва ин муваффақият ба ҳама тааллуқ хоҳад дошт, — гуфт малика.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here