Шаҳрдори Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгор барои  муаллимони   фаъоли шаҳри Душанбе, ки   шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба   гирифтани  ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ба  ҳар кадоме  ба сифати мукофот маблағи 3 ҳазор  сомонӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора қарори Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Ин иқдом бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии моддию  маънавии омӯзгороне, ки дар тарбияи шогирдон  натиҷаҳои назаррас нишон   доданд, инчунин, тарғиби таҷрибаи босамари онҳо ва ба ин васила  баланд бардоштани мақоми  онҳо дар ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

Дар асоси қарори раиси шаҳр рӯйхати омӯзгорони фаъол  тасдиқ гардида, дар маҷмӯъ барои мукофотонии онҳо 129 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here