Мувофиқи маълумоти «Интерфакс» дар Маскав теъдоди нафароне, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, ба 1 ҳазору 16 нафар расида, шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар Русия ба 21 ҳазору 102 нафар расидааст.
Дар Русия дар як рӯз 2 ҳазору 774 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад ситоди фаврии мубориза бо коронавирус. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ беш аз 21 ҳазору 102 ҳолати мубталошавӣ ба COVID-19 дар 82 минтақаи Русия ошкор карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъи мазкур, дар муддати як рӯз 224 бемор шифо ёфта, аз беморхонаҳо рухсат шудаанд. Теъдоди нафарони шифоёфта, 1 ҳазору 644 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба иттилои ин манбаъ 22 ҳолати нави фавт ба қайд гирифта шудааст ва шумораи умумии фавтидагон дар Федератсияи Русия бар асари коронавирус ба 170 нафар расидааст. Дар Маскав дар як рӯз 13 нафар сироятёфта ҷон бохтаанд.