Тибқи иттилои идораи оперативии Русия, дар давоми рӯз дар ин кишвар, дар 11 минтақа 1 ҳазору 175 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудаааст, инчунин, панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.

Мувофиқи маълумоти ОИР “Новости” муайян карда шудааст, ки афзоиши беморон зиёда аз 15 дарсадро ташкил додааст. Шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар 8 ҳазору 672 нафарро ташкил медиҳад, ки 580 нафар шифо ёфтаанд ва 63 нафар ҷон додаанд.

Дар ҳамин ҳол, ОИ “АП” дар такя ба манбаи худ аз Маскав хабар дод, ки 10 нафар тоҷикистонӣ дар пойтахти Русия расман бо сирояти коронавирус дар бемористонҳо ҳастанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз гирифтории зиёда аз 1,2 миллион нафар ба коронавирус дар дунё хабар медиҳад, ки 72 ҳазор нафар фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here