Вуруду хуруҷ ба шаҳри Вязма дар вилояти Смоленски Русия, бинобар босуръат паҳн шудани коронавирус, қатъ гардид.
— Бо сабаби бадтар шудани вазъи эпидемологӣ дар Вязма, аз 12-уми апрел то 30-юми апрел вуруд ва хуруҷи шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати шаҳрдорӣ нестанд, маҳдуд карда мешавад, — навиштааст Агентии иттилоотии Cun.uz дар такя ба хадамоти матбуотии шаҳрдори Вязма.
Таъкид мешавад, ки ин маҳдудсозӣ пас аз он ба амал омад, ки 86 нафар дар хонаи пиронсолони ин шаҳр дар сирояти коронавирус гумонбар шуда буданд.
Тибқи маълумоти охирон, шумораи сироятшудагон дар Русия аз 15 ҳазору 500 нафар гузаштааст. Аз замони сар задани эпидемия дар кишвар 130 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 291 нафар шифо ёфтаанд.