Ҳукумати Руссия тасмим гирифтааст, ки вуруди муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрвандӣ ба ин кишварро бо сабаби паҳншавии коронавирус муваққатан маҳдуд кунад.

ОИР «Новости» менависад, ки маҳдудият аз 18 март эътибор пайдо мекунад ва то 1 май идома меёбад. Он ба ронандагони мошинҳои боркаш, инчунин, ба дипломатҳо ва сокинони доимии Русия татбиқ намегардад. Ғайр аз он, экипажҳои киштиҳо ва қатораҳо метавонанд сарҳадро убур кунанд.

Ин маҳдудиятҳо ба муҳоҷирони Тоҷикистон низ рабт дорад, ҳол он ки мавсими ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони кишвар акнун фаро расидааст.

Ба гуфтаи сарвазир Михаил Мишустин, ин тадбирҳо ба тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мувоффиқат мекунанд. Вай хотиррасон кардааст, ки маҳдудиятҳо бо сабабҳои махсус рух додаанд ва таъкид кардааст, ки ин маҳдудиятҳо муваққатӣ мебошанд.

То имрӯз дар Русия беш аз 90 ҳолати гирифтор шудани сокинон ба вируси нав тасдиқ шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here