Барои тоза кардани роҳу ағбаҳои  минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз барф 13 техника ва 80 корманд сафарбар шудаанд.

Сардори Муассисаи давлатии идораи  хочагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Файзулозода Насрулло дар  сӯҳбат ба хабарнигори «Фараж»-гуфт, ки дар ин минтақа чор ағба — Султонобод, Чормағзак, Фахробод ва Левакант мавҷуд мебошадн, ки барои тоза кардани онҳо аз барф ва ҳаракати мунтазами нақлиёт тамоми тадбирҳо андешида шудаанд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, то ин дам ягон шикоят аз ҷониби ронандагон дар масъалаи банд шудани роҳҳо нашудаст. Барои тоза кардани роҳҳо аз барф 13 техника ва 80 нафар корманди ин идора сафарбар карда шуда, аз дишаб то ҳол роҳу ағбаҳоро тоза мекунанд.

— Захираи маводи зиди лағжиш дар идораҳои зертобеъи мо 6 ҳазору 194 куб мавҷуд аст, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here