Донишкадаи исломии Тоҷикистон хабарҳоро дар мавриди порагирии муовини ректори донишкадаи мазкур дурӯғ номид ва гуфт, ки ӯ барои амали дигараш муҷозот шудааст.
Ректори Донишкадаи исломии кишвар Тоҷиддин Асомуддинзода имрӯз, 24-уми июл дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар гуфт, ки муовинаш пора нагирифтааст ва ӯ барои амали дигараш ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд.
— Ҳар қонуншикание, ки шавад, мақомот пайгирӣ мекунад, аммо ин гуна ҳолат дар донишкада вуҷуд надошт. Масъала масъалаи порагирӣ набуд, вайрон кардани қонуну қоидаҳои қабул буд, ки вобаста ба он қарори суд ҳам баромада, ҳал шуд,- гуфт Асомиддинзода.
Аммо Асомуддинзода аз муовинаш, ки қонуну қоидаҳои қабулро вайрон кардааст, ном набурд ва ҳамчунин, гуфта нашуд, ки суд чӣ гуна қарор барвардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here