Раиси нави Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар Абдулло Раҳмонзода гуфт, бародару хешу табори бекор дошту дорад, вале ҳеҷ гоҳ онҳоро ба корхонае, ки роҳбараш буд, наовардааст.

Раҳмонзода имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ба суоли журналистон дар бораи интихоби “команда”-и нав дар Кумитаи мазкур ва додани авлавият ба маҳал гуфт, “команда”-и худро надорад ва касеро ҳам аз ҷои кори қаблияш, ки ду соли ахир раҳбарии дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Хатлонро ба зимма дошт, ба Кумитаи ҷавонон ва варзиш нахоҳад овард.

Раҳмонзода гуфт, дар Кумита ҷавонони болаёқат фаъолият доранд, ки ба иваз карданашон ниёз нест.

– Ба кадом идорае, ки рафтам ҳамроҳи худам касеро набурдам ва касеро аз он идораҳо ба ин ҷо оварданӣ нестам. Барои як корманди дигарро овардану дар қолаби кори Кумита ворид кардан, вақт даркор аст. Барои ман ҳамчун инсон маънавиёт дар ҷойи аввал меистад, – изҳор дошт Раҳмонзода.

Добавить комментарий