Президенти Венесуэла дар вокуниш ба изҳороти тунди Доналд Трамп алайҳи вай ва давлаташ дар маҷмаи умумии Созмони милал, президенти Америкаро «Гитлери нав» хонд.

Доналд Трамп дар аввалин суханронии худ дар маҷмаи умумии Созмони милал, кишварҳои Эрон, Кореяи Шимолӣ, Куба ва Венесуэларо зери танқиди шадид қарор дод.

Ӯ дар бахши марбут ба Венесуэла зимни такрори ҳушдораш ба ин кишвар дар бораи афзоиши фишорҳои Америка гуфт: «Диктатори сотсиалист Николас Мадуро, мусибат ва ранҷи шадиде бар мардуми хуби Венесуэла ворид кардааст».

Трамп дар идомаи ҳамлаи лафзиаш гуфт: «Мо омодаем, агар давлати Венесуэла ба масири кунунии худ дар таҳмили истибдоди қудраташ бар мардуми Венесуэла идома диҳад, иқдомоти бештаре анҷом диҳем».

Баъди ин суханронӣ, аввал Вазорати хориҷаи Венесуэла президенти Америкаро нажодпараст эълон кард, баъд президенти Венесуэла ҳам дар вокуниш ба изҳороти ҳамтои америкоӣ, ӯро «Гитлери нав дар сиёсати байналмилал» унвон кард.

Ӯ гуфт: «Ҳеч кас Венесуэларо таҳдид намекунад ва ҳеҷ касе соҳиби Венесуэла нест. Трамп президенти Венесуэларо ба марг таҳдид кард».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here