Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинонои ҷумҳуриро ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик карда аз онҳо хост, то дар ин моҳи муборак дар баробари тоату ибодат ва парҳезкорӣ аз амалҳои хайру эҳсон кор гиранд.
Президент таъкид кард, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории коронавирус моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа дода, нагузорем ин беморӣ дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаётӣ одамонро дар хатар гузорад.
— Ҳарчанд дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем, – гуфт президенти кишвар. – Корхонаҳои азиму пуриқтидор дар аксари давлатҳои олам аз кор мондаанд ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро зери таъсир қарор додааст. Дар ин шароит моро зарур аст, ки барои саломати худ ва ҷомеа талош варзем.
Пезидент Эмомалӣ Раҳмон аз онҳое, ки дар саҳро ба кишту кор ва истеҳсоли зироат машғуланд, хост, ба хотири саломатии худ ва аҳли хонаводаашон, таъмин кардани бозори истеъмолии малакат бо маводи ғизоӣ аз сабукиҳо истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар гузоранд.