Кормандони Корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Панҷ шикоят доранд, ки чор моҳ аст музди меҳнаташонро нагирифтаанд. Масъулини Раёсати молия ва роҳбари корхонаи коммуналӣ идаои кормандонро рад мекунанд.

Рӯзи 14-апрели соли равон як гурӯҳ кормандони Корхонаи фаръиии давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Панҷ, ки назди идораи худ ҷамъ омада буданд,  гуфтанд, ки музди меҳнати моҳҳои август, сенятбр, октябри соли 2019-ум ва моҳи марти соли 2020-ро то ҳол нагирифтанд.

Аммо роҳбари корхонаи мазкур Саймалик Холиқов, иттилоъ дод, ки дар назди зертобеонаш танҳо барои ду моҳ аз муди меҳнаӣ қарздоранд.

— Мо музди меҳнати моҳи декабри соли 2019 ва марти 2020-умро пардохт карда натавонистаем, дигар моҳҳо пардохт шудаанд. Кӯшиш дорем, ин ду моҳро низ пардохт бикунем, — илова кард ин шахси масъул.

Сардори Раёсати молияи ноҳияи Панҷ Сафарзода Абдулло низ тасдиқ   кард, ки кормандони корхонаи фаръиии давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия музди меҳнати моҳи декбри соли гузашта ва моҳи  марти соли 2020-ро то ҳол нагирифтаанд, ки омили он пурра иҷро нашудани қисми даромади буҷети ноҳия аст.

— Соли 2019 қисми даромади буҷети ноҳия 1 миллион 986 ҳазор сомонӣ иҷро нагардид. Музди меҳнати думоҳаи кормандони ин корхона беш аз 44 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Имсол барои  музди меҳнат ва кабудизоркунӣ ба корхонаи коммуналии ноҳия аз ҳисоби буҷети ноҳияи Панҷ ҷудо кардани 380 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 131 ҳазори он пардохт шудааст, — гуфт Сафарзода Абдулло.

Ба гуфти сардори Раёсати молия соли гузашта музди меҳнати кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ 5 моҳ пардохт нашуда буд ва онҳо тавонистаанд, ин қарзро пардохт кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here