Бо гузашти қариб ду моҳ аз ҷамъбасти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар ноҳияи Панҷ ғолибон туҳфаҳояшонро соҳиб нашудаанд.

Туҳфаи ғолибони озмуни мазкур маблағи пулист, ки барои ҷои якум 1,5 ҳазор, дуюм 1000 ва сеюм 500 сомонӣ муайян гардидааст.

Огоҳони ҳол мегӯянд, ки озмуни мазкур моҳи июли соли равон дар чор номинатсия миёни дӯстдорони адабиёт дар ноҳия ҷамъбаст гардид.

Дар озмун новобаста аз табақаи ҷомеа, нафароне, ки  шеъру ғазали зиёд медонанд, китоби бадеии зиёд хондаанд, адабиёти хориҷаву адабиёти бачагонаро аз худ кардаанд, иштирок доштанд. Даври аввали озмун баҳори имсол ҷамъбаст гардидааст ва ба даври дуюм, ки моҳи июл анҷом шудааст, беҳтаринҳо, ки аксаран омӯзгоранд, роҳхат гирифтаанд. Ғолибон акнун ба даври сеюм, ки қарор аст, дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, сурат бигирад, омодагӣ мегиранд.

Ба гуфтаи шикоятдорон, натиҷаи озмун дар рӯзномаи маҳалии “Ҳаёти нав” бо ному насаби ғолибон ва маблағи пулии муқарраргардида, ки гуё ғолибон гирифтаанд, нашр шудааст, вале ғолибони озмун дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, ки маблағро надидаанд.

Сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳаёти нав” дар ноҳия  Панҷ Фозилҷон Нурзода, ки узви комиссияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аст,  нашр гардидани ҷамъбасти озмуни мазкурро дар рӯзнома таъйид кард, вале гуфт, аз он ки ғолибон ҷойизаҳои пулиро нагирифтаанд, хабар надорад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини бахши маънавиёти ноҳия, ки бевосита мутасаддии баргузории озмуни мазкур буданд, ҳақиқат доштани шикояти мазкурро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ба шуъбаи молияи ноҳия дархост пешниҳод кардаанд ва дар рӯзҳои наздик маблағ ҷудо хоҳад шуд.

Мудири бахши маънавиёти ноҳияи Панҷ Мансур Сироҷов ба «Фараж» гуфт, озмун 18-уми июл ҷамъбаст гардид. Номбурда сабаби пардохт нагардидани маблағ ба ғолибони озмунро иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷети ноҳия арзёбӣ кард.

— Ба шуъбаи молияи ноҳия дархост ирсол кардем, ҳафтаи оянда мушкил ҳал мешавад, — гуфт М. Сироҷов.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 баргузор мегарда. Дар ин бора амри Президент аз 9-уми  феврали соли  равон, таҳти №АП-1165 ба имзо расидааст. Дар банди 4-уми ин амр омадааст, ки «Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2019 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд”.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро масъулини вазорати молияи кишвар дар иҷрои ин банди амри Президенти Тоҷикистон саҳлангорӣ кардаанд? Ё айб дар масъулини ноҳияи Панҷ аст?

Добавить комментарий