Санаҳои 7-8-уми феврали соли ҷорӣ дар толори МТ “Вефа” барои рӯзноманигорон тренинги “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ” дар доираи лоиҳаи “Ташаккули маърифати ҷамъиятӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани бабри барфӣ ва мавқеи он дар сатҳи миллӣ тавассути ВАО” баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди Глобалии Экологӣ (GEF) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Дар тренинг мутахассиси соҳаи туризми экологӣ Насибов Фотеҳ бо мавзӯи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ” баромад карда, чунин зикр намуд: “Туризм шуғлест, ки усулҳои ташкили истироҳатро тавассути солимгардонӣ, шиносоӣ, тиҷоратӣ, варзишӣ ва дигар ҳадафҳои воситаи саёҳат ва иқомати муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимиро дар бар мегирад. Сайёҳ шаҳрвандест, ки ба мамлакат муваққатан бо мақсади солимгардӣ, шиносоӣ, касбию хизматӣ, варзишӣ ва дигар мақсадҳо ташриф меорад”.

Ба гуфтаи Насибов Фотеҳ, намудҳои туризм — ин туризми дохилӣ, туризми воридотӣ, туризми содиротӣ мебошанд.

Дар тӯли 60 соли охир туризм рушд ва густариши васеъ ёфтааст, ки имрӯз сайёҳӣ яке аз бахшҳои зудафзояндаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳамчун соҳаи сеюми даромадноки он ба ҳисоб меравад. Миқдори ҷаҳонии сайёҳон аз 25 миллион дар соли 1950 то ба 1,3 миллиард нафар дар соли 2015 расидааст. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) пешбинӣ кардааст, ки то соли 2020 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол ба андозаи 3% афзоиш ёфта, дар як сол даромад аз он дар маҷмуъ ба ду триллион доллари ИМА мерасад. Таҳлили СУТ нишон медиҳад, ки саҳми хизматрасонии туристӣ дар содироти ҷаҳонӣ қариб 8% ҳаҷми умумии содироти ҷаҳонӣ, 30-35% хизматрасонии савдои ҷаҳонӣ, бештар аз 6 фоизи даромади умумии дохилии ҷаҳонӣ, 7% инвеститсияҳои ҷаҳонӣ, ҳар як ҷойи 16-уми корӣ, 11% хароҷоти ҷаҳонии истеъмолӣ, 5% ҳамаи намудҳои воридоти андозро ташкил медиҳад.

Дар даври дуюми тренинг Ҳамдамов Бахтиёр — сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” бо мавзуи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон” баромад карда, зикр намуд, ки “ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот, 9 намуди нармбаданҳо, 81 намуди ҳашарот, 14 намуди моҳиҳо, 31 намуди хазандагон, 43 намуди парандагон ва 44 намуди ширхӯрон дохил карда шудаанд”.

Муҳити зисти паланги туронӣ ҷангалзорҳо ва туғайзорҳои наздисоҳилие буданд, ки ба онҳо таъсири инсон нарасида буд. Дар Тоҷикистон ин намуди паланг ба қатори ҳайвоноти маҳвгардида дохил карда шудааст. Ҷасади охирини онро дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон “ тобистони соли 1953 пайдо кардаанд. Озодапаланг низ яке аз ҳайвоноти нодири кишвар буда, дар минтақаҳои куҳӣ сукунат мекунад. Дар куҳсори беҷангали Бадахшон бештар вомехӯранд. Саршумори онҳо то 350-400 адад беш нест. Дар солҳои 70-ум дар Тоҷикистон 20 сар кафтор мавҷуд буд. Мири мушони туркистонӣ дар ВМКБ, Ишкошим, Шуғнон ва Помири Шарқӣ, қад-қади дарёи Панҷ дучор мешавад. Саршумори онҳо низ рӯ ба коҳиш аст. Сагобӣ дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Сир, Зарафшон, Варзоб ва ғайраҳо паҳн гардидааст. Ин ҳайвони нодир низ ба ҳаимояти инсон аз маҳвшавӣ ниёз дорад. Ҷайраи ҳиндӣ дар мавзеъҳои ноҳамвор ва дорои сарчашмаҳои обӣ, дар ҷангалзорҳо ва дараҳои серсанг вомехӯрад. Саршумори умумии ҷайра дар Тоҷикистон ба 850-1300 сар мерасад. Мутаассифона, охири солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000-ум истеъмоли гӯшти ин ҳайвони нодир ба мӯд даромад, ки боиси қир шудани теъдоди зиёди он гардид. Куброи осиёимиёнагӣ дар водии Вахш, Ҷайҳун, мамнуъгоҳи “Бешаи палангон”, Данғара, Балҷувон паҳн шудааст. Ба хотири ба даст овардани заҳри ин мор, ки дар бозори ҷаҳонӣ арзиши гарон дорад, одамон ба шикор ва бо ин васила ба маҳв кардани он даст мезананд.

Гардонандаи тренинг пешниҳод кард, ки ба хотири ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти нодири кишвар бояд як барномаи мукаммали давлатӣ роҳандозӣ шавад. ВАО-и кишвар низ бояд дар ин амри хайр саҳмгузор бошанд ва барои таъсири мусбат расонидан ба афкори ҷомеа доир ба масоили марбут ба ҳифзи табиати нодири Тоҷикистон талош варзанд.

Баъд аз анҷом ёфтани конференсия иштирокчиён ба Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз гӯшаи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон дидан намуданд.

Нигора САИДБЕКОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here