Дар ҳоле, ки додгоҳи шаҳри Тошканд  муҳокимаҳои парвандаи ҷиноии Гулнора Каримоваро ба итмом расонд ва вайро ба мӯҳлати 13 солу 4 моҳ ва шариконашро аз панҷ то 20-солӣ равонаи зиндон кард, аммо духтарбузурги нахустпрезиденти Ӯзбекистон Ислом Каримов барои бозгардонидани пулҳое, ки аз худ кардааст, нақше нахоҳад бозид.

Гуфта мешавад, ки дар айни замон Додситони кулл ва Вазорати адлияи Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо идораҳои марбутаи ин кишвар ва ниҳодҳои босалоҳияти Шветсария, Фаронса, Русия, Латвия ва мамолики дигар баргардонидани 1,3 миллиард доллар пулҳои дар бонкҳои мухталифи хориҷӣ маҳфузбудаи Гулнора Каримоваро барномарезӣ мекунанд.

Ба иттилои мақомоти расмии Вазорати адлияи Ӯзбекистон гуфтушунидҳое, ки расман бар ин асос сурат мегиранд, тибқи меъёру қоидаҳо ва қонунгузориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки додгоҳи Ӯзбекистон бо натиҷагириҳо аз таҳқиқи бардавому дарозмуддати парвандаҳои ҷиноӣ ҳукми аъзои як гурӯҳи ҷинояткор таҳти роҳбарии Гулнора Каримоваро содир кард. Ҳамзамон ба сару садоҳои зиёд ва овозаҳои печ дар печ дар бораи кирдукорҳои духтарбузурги президенти нахустини Ӯзбекистон нуқта  гузошт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here