Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зердастонашро муваззаф намуд, ки масъаларо дар бораи лағви барои тӯҳмат ва таҳқир аз озодӣ маҳрум кардани одамон таҳия кунанд, ҳамчунин системаи дифоъ аз журналистонро аз ҳаракатҳои ғайриқонунии роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ пурзӯр кунанд. Мудири Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комилҷон Алламҷонов баъди он ки аз тарафи Президент Шавкат Мирзиёев ин ба имзо расид, изҳороти расмӣ пахш кард.
Бино ба изҳороти оқои Алламҷонов имзои қарори мазкур ба зимаи Агентии ахбор ва коммуникатсия, ки вай роҳбарӣ мекунад, як қатор вазифаҳои мушаххасро гузоштааст. Аз ҷумла, дар низоми додгоҳ ба хотири таъмини шаффофият ва назорати иҷтимоӣ журналистон ва шаҳрвандон метавонанд дар мурофиаҳои кушоди судӣ озодона ширкат кунанд.
Дар изҳорот боз омадааст, ки қарори Пленуми Додгоҳи олӣ перомуни беҳбуд бахшидан ба кори вебсайтҳо ва сухангӯёни он пазируфта шуд. Мувофиқи ин изҳорот роҷеъ ба тақвияти кори рӯзномаҳое, ки ҳамчун нашрияи ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекунанд ва дар айни ҳол вазъияти вазнини молиро пушти сар менамоянд, лоиҳаи қарори Ҳукумат таҳия карда мешавад ва ин лоҳаи қарор баланд бардоштани маоши кормандони идораҳои нашри чопӣ, беҳбуди кори вебсайтҳои матбуоти давриро низ таъмин хоҳад кард.
Тавре ки дар изҳороти расмии Комилҷон Алламҷонов зикр шудааст, таҳияи қонун “Дар бораи барномаҳои садову симо” мадди назар мебошад ва ба қонун “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” низ даровардани тағйиротҳо пешбинӣ шудааст.
Гузашта аз ин, низом ва тартиби ба шабакаҳои садову симо додани литсензия сода хоҳад шуд, низоми ҳимояти журналистон аз саъйу ҳаракатҳои ғариқонунии шахсони мансабдор нисбати онҳо ва ё қарори онҳо пурзӯр карда мешавад.
Ба ин тартиб, дар Ӯзбекистон перомуни пурзӯр намудани фаъолияти кушоди ниҳодҳои давлатӣ ва робитаҳои ин ниҳодҳо бо воситаҳои ахбори омма чораҳои мушаххас пиёда хоҳанд шуд.
Зимнан, дар изҳороти расмии Комилҷон Алламҷонов ишора шудааст, ки ин қарор дар Ӯзбекистон ҷиҳати ба зинаҳои нав баромадани таъмини устувории қонун, озодии баён ва матбуот иқдоми ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Ба назар мерасад, ки муносибати шахсони амалдор нисбати журналистон дар Ӯзбекистон то андозае рӯ ба беҳбуд овардааст. Барои ин мулоқоти ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниевро метавон ба ҳайси мисол истифода кард. Шӯҳрат Ғаниев дар ин авохир аз чеҳраҳое муаррифӣ мешавад, ки ҳодисаҳои гуногуни ногувори марбут ба ӯ, аз шеваи тунд истифода кардани вай нисбати хабарнигорон, роҳбарони идораҳои зердасташ ва амсоли он дар шабакаҳои иҷтимоӣ пай дар пай интишор меёбанд.
Аммо ин бор ҳокими вилояти Фарғона зимни мулоқот бо журналистон гуфтааст, ки дар тараққиёти мамлакат нақши воситаҳои ахбори омма хеле калон мебошад. Ба таъкиди Шӯҳрат Ғаниев матбуот ҳамеша холис будан, ҳақиқат ва ростиро тақозо мекунад.
— Дуруст аст, ки баъзе интиқоди журналистон ба роҳбарон намефорад. Вале ҳоло вақти он расидааст, ки роҳбарон ба ҷои он ки аз мулоқот бо журналистон ва блогнависон гурезанд, бояд бо онҳо ҳамкории босамар ба роҳ монанд,-изҳор кардааст Шӯҳрат Ғаниев.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд